Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо дар Хованское (АКСУ ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва пайвандони се сокини шаҳри Роғун, ки аз дасти авбошон дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, куштори тоҷикон аз дасти авбошон дар Маскав аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия мавриди тафтиш қарор дорад.
Субҳи имрӯз, 18 май ҷасадаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи як занозанӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд, ба Душанбе расид. Барои қабули тобути сокинони шаҳри Роғун -- Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 дар баробари наздикони онҳо, Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ ба фурудгоҳи Душанбе омада буд.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи гузашта ба “Озодагон” гуфт, тамоми аснод барои интиқоли ҷасадҳо таҳия шуда, тобутҳо тавассути ширкати “Тоҷик Эйр” интиқол мешавад.
Тобути се муҳоҷири кушташуда бо мусофиркашҳои маъруф ба "Старекс" ба Роғун интиқол ёфт. Наздикони ин мақтулон ба "Озодагон" гуфтанд, нақлиётро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фиристодааст.
Дар занозании рӯзи 14 май дар қабристони Хованское ҳамчунин даҳҳо муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шуда, мақомоти пулиси Маскав чандин шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард. Қаблан, бархе расонаҳо гуфтанд, дар ин занозанӣ, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ва сокинони Қафқоз ба миён омад, қафқозиҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои “разбор” бо тоҷикон овардаанд, аммо сухангӯи Сафорати Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад: “Вақте ба мақомоти дахлдори Русия дархост фиристодем, дар ягон ҷо тасдиқ нашуд, ки ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд”.
Сарвар Бахтӣ афзуд, ҳоло нисбат ба 20 муҳоҷири меҳнатӣ парвандаи маъмурӣ боз шуда, 8 нафари онҳо дар майдаавбошӣ гунаҳкор мешаванд. Ӯ гуфт, миёни боздоштшудаҳо 3 нафар ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд ва ба хотири вайрон кардани қонунҳои буду бош шояд депорт шаванд: “Дар пайи муноқиша 21 тоҷик ба беморхона интиқол шуда, 11 тани онҳо ҷавоб шуданд. Вазъи саломатии 3 нафари онҳо вахим аст”.