Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи бештар ба захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зоҳир карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ ин кор идома дорад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.