Боздошти полковники тақаллубии амнияти Президент барои қаллобӣ
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ аз боздошти полковники тақаллубии хадамоти амнияти дастгоҳи иҷроияи Президент хабар доданд, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ Алишер Шарипов, сокини 35-солаи ноҳияи Вахш, бо нишон додани шаҳодатномаи тақаллубии полковникӣ худро намояндаи амнияти дастгоҳи Президент муаррифӣ карда, барои ҳалли мушкил аз сокинон маблағҳои зиёд мегирифтааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, Шарипов дар навоҳии Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе аз мардум барои ҳалли баҳсҳои замин ва манзилҳои истиқоматӣ маблағ мегирифтааст.
Ба иттилои манбаъ аз ҷумла Бобокалонов Одилҷон, истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич барои ба манфиати бародараш ҳал кардани баҳси манзили истиқоматӣ ба Шарипов 10,5 ҳазор доллари амрикоӣ додааст. Тибқи шоҳидии Бобокалонов, “Шарипов назди ман баромад, ҳуҷҷати полковникиро нишон дода, гуфт полковники амнияти дастгоҳи Президентам, чӣ проблема дорӣ? Мушкиламро гуфтам, Шарипов гуфт, дурӯза корай... Ман ба ӯ 10,5 ҳазор доллари амрикоӣ додам”.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки Раҳим Охунов, сокини ноҳияи Мастчоҳ низ барои ба даст овардани замини наздиҳавлигӣ ба Шарипов 5 ҳазор доллари амрикоӣ додааст. Ба иттилои манбаъ Шарипов дар гузашта се бор барои дуздӣ суд шудаст: “Айни ҳол 4 далели қаллобии Шарипов ба маблағи 23 ҳазору 400 доллари амрикоӣ тасдиқи худро ёфтанд ва тафтишот барои исботи се далели дигар идома доранд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузоришаш ин ҳолатро сӯиистифода аз боварии мардум ба мақомоти давлатӣ унвон карда, аз шаҳрвандон даъват кардааст, агар алайҳи Шарипов шикояте доранд, ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат кунанд.