Мулло Абдураҳим гуфт, сабаби боздошти домодашро намедонад
Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим хабари боздошти домодаш -- Мирзоназар Фозиловро тасдиқ кард.
Мулло Абдураҳим имрӯз, 17 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, домодаш рӯзи гузашта аз манзили зисташ аз сӯи кормандони Кумитаи амният боздошт шудааст: “Дар асл намедонам, ки бо кадом айб ӯро дастгир кардаанд. Ман дуруст нафаҳмидам, ки чӣ гап аст. Дар хонааш гуфтанд, ки омада ӯро бурданд”.
Ба гуфтаи оқои Каримов, домодаш тақрибан 35-40 сол дошта, соҳиби 5 фарзанд будааст: "Ӯ дар Душанбе истиқомат мекунад. Таҳсилкардаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод буд”.