Кордкашии маргбори сокини Ёвон ба сари собиқ хушдоману се хоҳарарӯсаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 27-солаи ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми қатли собиқ хушдоман ва маҷруҳсозии се хоҳарарӯсаш боздошт шудааст.
Тавре аз ВКД ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 16-уми май ба мақомоти милиса зани 20-солаи сокини ноҳия Ёвон муроҷиат карда, арз доштааст, ки собиқ шавҳараш тахминан соати 22:00 вориди хонаи истиқоматии модараш шуда, муноқиша кардаст. Ба иттилои мақомоти милиса ин мард ҳангоми муноқиша бо зарби корд модари 41-солаи собиқ занаш ва се хоҳарарӯси 22, 16 ва 9-солаашро маҷруҳ кардааст, ки дар натиҷа зани 41-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.