Бабченко: Барои тоҷиконе, ки роҳзанҳои мусаллаҳро пас гардонданд, қарсак мезанам
Аркадий Бабченко, блогнавис ва рӯзноманигори маъруфи Русия, муноқишаи маргбори қабристони Хаканскоеро муқовимати коргарон бо авбошон унвон карда, изҳор доштааст, барои тоҷиконе, ки бо бел алайҳи роҳзанҳои мусаллаҳ бархостаанд, рост истода қарсак мезанад.
Бабченко 15 май бо нашри як матлаб изҳор доштааст, ки муноқиша дар қабристони Хоканское дар заминаи мансубияти миллӣ рух надодааст: “Бинобар ин шӯхиҳо, ки “тоҷикону чеченҳо ҷанг доранд, ки кӣ русҳоро мегӯронад”, чандон бамаврид нестанд. Росташро гӯем, ин ҷо коргарони муассисаи давлатӣ бо бел алайҳи роҳзанҳое бархостаанд, ки бо автомат барои ғораташон омадаанд. Ман истода қарсак мезанам. Офарин! Кош ҳама вақт чунин шавад”.
Бабченко дар идома хабари Вазорати умури дохилии Русия, ки қазияро “муноқишаи гуруҳҳои қавмӣ барои таҳти назорат гирифтани гӯристон” унвон кардааст, хандаовар хондааст: “Ҳайратовар аст, зиёда аз ин мехоҳам бидонам, ки “среднеазиат-осиёимиёнаӣ” чӣ гуна миллат аст? Вазорати корҳои дохилӣ боз рӯирост дурӯғ мегӯяд, то ноуҳдабароияшро, ки натавонистааст, ҷанги Куликов бо автоматҳоро дар маркази Маскав пешгирӣ кунад, рӯйпӯш созад”.
Муаллифи матлаб аз мақомдорони аршади идораҳои интизомии Русия - Колоколсев, Золотов ва Бортников суол кардааст, ки “агар ин муониқишаи қавмӣ аст, чӣ гуна гуруҳи нимҳазорнафарии зодагони Осиёи Миёна тавонистаанд то ҳол идораи давлатиро таҳти назорат гиранду мақомдорон то ин вақт куҷо буданду барои баргардондани вазъ ба маҷрои қонунӣ чӣ кор карданд?”
Аркадий Бабченко бори дигар таъкид кардааст, ки ин даргирии қавмӣ нест, балки коргарон худро аз ҳамлаи авбошон дифоъ кардаанд: “Аз ҳамлае, ки гвардияи миллӣ, “ОМОН” ва танки “Армат” натавонистаст коргаронро ҳимоят кунад”.
Журналисти рус таъкид кардааст, ки қонунӣ бояд пулис онҳоеро боздошт кунад, ки бо 12 мошин ба коргарони қабристон ҳамла кардаанд: “Аммо дар воқеъ дастамро ба буридан медиҳам, ки аксари боздоштшудагон тоҷикони бадбахти гӯркан мебошанд. Онҳое, ки тавонистанд худро аз ҳуҷуми авбошон дифоъ кунанд, коре, ки бояд “ОМОН” иҷро мекард. Барои ҳамин онҳоро акнун дастгир, дар идораи пулис латукӯб ва баъдан ихроҷ мекунанд. Бархеяшон шояд ҳатто зиндонӣ шаванд”.
Ба гуфтаи Бабченко дар ҳар кишвари дигар, ин афроде, ки ҳамлаи роҳзанҳоро пас гардондаанд, ҷоиза мегирифтанд ва бо пул қадрдонӣ мешуданд: “Аммо, инҷо Русия аст. Инҷо онҳо зиндонӣ мешаванд. Ман шахсан, ба ҳайси як шаҳрванд пешниҳод мекунам, ки пулисҳои ноуҳдабаро аз вазифа сабукдӯш шаванду ба ҷояшон ҳамин тоҷикҳо қабул гарданд, ки аз уҳдаи кор мебароянд”.
Ӯ дар хулосаи матлабаш аз бозгашти солҳои 90-ум ба кӯчаҳои Русия ҳушдор дода, барои ҷилавгирӣ аз он, ислоҳот дар фаъолияти худи мақомдорони кишваррро зарур хондааст.