Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия Лечий Яҳёев, зодаи 42-солаи Чеченистонро саркардаи муноқишаи маргбори қабристони Хованское дониста, мавриди пайгард қарор додаанд.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли пулиси ин кишвар хабар додаанд, Лечий Яҳёев, соли таваллудаш 1974 қайди вилояти Астраханро доштааст.
Ифшои номи саркардаи муноқишаи мусаллаҳонаи қабристони Хованское дар ҳолест, ки зимни он се сокини шаҳри Роғун - Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 кушта шуда, ҳудуди 10 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои мақомоти Русия задухӯрд дар қабристони Хованское миёни муштзӯрҳои мусаллаҳи Чеченистону Доғистон ва коргарони тоҷики қабристон рух додааст. Гуфта мешавад, ки гуруҳи қафқозиҳои бо ҳамроҳии шаҳрвандони дигари Русия аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар қабристон кор мекунанд, “ҳақпулӣ” талаб кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ин қазия дахолат карда, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дастур додааст, то таҳқиқи қазияро пайгирӣ кунад. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев, ҳамтои русиягияш ду бор дар тамос шуда, масъалаи таҳқиқи мунсифона ва муҷозоти гунаҳкоронро ба миён гузоштааст: “Ҷонибҳо созиш кардаанд ва бо дастури Колоколстсев Абдуғаффор Азизов, раҳбари намояндагии ВКД ва ва Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар Русия ба гуруҳи тафтишотӣ шомил шудааст”.
Муноқишаи мазкур имрӯз, 16 май дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикисон низ баррасӣ шуда, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки қазияи мазкурро зери назари худ гирифтааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, то ҳол 112 нафарро боздошт кардаанд, ки нисфе аз ин теъдод зодаи кишварҳои Осиёи Миёнаанд ва онҳоро ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Юрий Чугуев, раиси қабристони Хованское, ки тибқи иттилои "РИА Новости" барои кори бидуни иҷозатнома аз муҳоҷирин то 40 ҳазор рубл мегирифтаааст, аз мақомаш барканор гардидааст.
Дар ҳоле, ки тоҷикон дар қазияи мазкур ҷабрдидаанд, Евгений Серебренников, сенатори Шӯрои федералӣ, палатаи болоии парлумони Русия дар пайи ин қазия масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводид бо Тоҷикистонро дар миён гузоштааст. Ин сенатори рус гуфтааст: “Қонунгузории муҳоҷиратро тоза ва сангин кардан лозим аст. Мо ҳангоми қабули қонун ба таҷрибаи кишварҳои демократӣ такя мекунем, ки ин дар баъзе ҳолатҳо дуруст нест. Амнияти кишвар муҳимтар аст”. Игор Лебедев, вакили Думаи давлатӣ ва писари Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократҳои Русия низ дар пайи қазия бастани марзҳо ба рӯи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказиро пешниҳод намудааст. Видеои муноқишаи Хованское