Лексияи Президенти Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кувайт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан бо сафари расмӣ дар Кувайт қарор дорад, дар Донишгоҳи Кувайт лексия хоҳад хонд.
Тибқи иттилои нашрияи “Араб Таймс” суханронии раисиҷумҳур дар Донишгоҳи Кувайт таҳти унвони “Тоҷикистон дар оинаи таърих” ироа хоҳад шуд.
Расонаҳои арабӣ навиштаанд, ки ин рухдод дар миёни раисиҷумҳуроне, ки аз Кувайт боздид мекунанд, кам иттифоқ меуфтад ва Эмомалӣ Раҳмон аввалин раисиҷумҳур аст, ки дар толори донишгоҳи Кувайт лексия мехонад.