АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ
Дар яке аз мавзеъҳои баландтарини маркази маъмурии вилояти Суғд -- шаҳри Хуҷанд, ба ҷойи таҳкурсии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик -- Темурмалик насб мешавад.
Шоми ҷумъаи 13 майи соли равон кормандони ниҳоди дахлдор барои тахриби таҳкурсии ҳайкали асосгузори давлати Сомониён -- Исмоили Сомонӣ оғоз карданд. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, ин таҳкурсӣ ба пуррагӣ гирифта шуда, ҷойи он маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт: “Бо иқдоми раҳбарияти вилоят дар миёни маҳаллаҳои 19-уму 20-ум ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бунёд мешавад, ки он аз пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизи ў ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад. Иқдоми мазкур пеш аз ҳама барои донишҷӯёне, ки дар макотиби олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор мешавад ва онҳоро дар руҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард”.
Манбаъ афзуд, маросими ифтитоҳи расмии ин муҷассама дар ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар гирифта шудааст.
Тахриби таҳкурсии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ҳолест, ки чанд сол қабл аз шаҳри Хуҷанд Сомониро бо аспаш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчонида буданд.