Сокинони Раҳмонобод: Зиндагиамон хуб аст, танҳо мушкили дастрасӣ ба об дорем (АКС)
Гуруҳе аз сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон мегӯянд, бо гузашти наздики як соли зиндагӣ дар ин маҳалла, ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба об доранд.
Ҷаҳоннамо Ҳақдодова, истиқоматкунандаи ин рустои ҷамаоти “Сучон” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Бо далели набудани об наметавонанд дар назди манзилҳои худ обчакорӣ кунанд: “Дигар шароити зиндагиамон хуб аст. Танҳо об нест. Об ки нест сабза ҳам намерӯяд. Обро аз поён ба насос кашида, рӯзе 2-3 соат медиҳанд”.
Хонум Ҳақдодова афзуд, вақте офати табиӣ манзилҳояшонро хароб кард, хеле ноумед буданд, аммо бо супориши Президент дигарбора соҳиби манзил шуданд: “Ҳоло барои чорводорӣ ҳам шароит надорем. Умед дорем, ки ояндаҳо мешавад”.
Ин сокини деҳаи Раҳмонобод мегӯяд, оилаи онҳо аз 6 нафар иборат буда, ҳоло 4 тани онҳо дар Русия муҳоҷири меҳнатианд.
Рӯзибегим Қудратбекова, сокини дигари ин деҳа гуфт, ҳукумати ноҳияи Шуғнон ба онҳо ваъда супурдааст, ки мушкили дастрасӣ ба обро бартараф мекунад: “Дигар шароитҳоямон хуб аст, мактаб дар назди хона ҳаст. Мо 9 нафарем дар оила, ки 6 нафар ҳоло дар Русия қарор доранд”.
Дар ҳамин ҳол, аз Бахши иҷтимоии ҳукумати ноҳияи Шуғнон ба “Озодагон” гуфтанд, деҳаи Раҳмонобод мавриди таҷаҷҷуҳи раисиҷумҳур қарор дошта, масъалаи дастрасӣ ба об ояндаи наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
Деҳаи Раҳмонобод дар мавзеи Питовдашт баъди фаромадани сел дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бунёд гардид. Дар ин мавзеъ беш аз 80 хоҷагии осебдида соҳиби манзили нав шуданд. Сокинони деҳаи навбунёд пешниҳод карданд, ки бо нишони сипос аз Эмомалӣ Раҳмон барои кумакҳо, деҳаашон “Раҳмонобод” номгузорӣ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон бо имзои қарори ҳукумат аз “Раҳмонобод” ном гирифтани деҳаи навбунёд дар ҷамаоти “Сучон”-и ноҳияи Шуғнон ҷонибдорӣ кард.