Данғара: Ҳалокати 4 зан дар пайи бархӯрди “Мерседес” бо “Опел”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 14 май дар пайи бархӯрди “Мерседес” бо “Опел” дар ноҳияи Данғара 4 зани солхӯрда ба ҳалокат расиданд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тахминан соати 07:30 ронандаи 25-солаи “Мерседес-Бенс-С180”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракат набаромада, ба “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 49-сола, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашинаи “Мерседес-Бенс-С180” - занҳои 62, 58 ва 56-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як зани 48-сола, сокини шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз борони шадид то 20-уми май ҳушдор дода, аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд.