Тамаъҷӯӣ аз занон: Ман милиса, пул надиҳӣ, акси урёнатро паҳн мекунам...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 29-сола, сокини шаҳри Турсунзода хабар додааст, ки дар тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунии занон муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод марди ҷавон 14-уми май боздошт гардида, дар он муттаҳам мешавад, ки тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо зани 25-сола, сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, хоҳиш намудааст, ки расми бадани урёни худро ба ӯ ирсол намояд: “Баъди дарёфти акс марди 29-сола худро корманди милитсия муаррифӣ карда, бо роҳи тамаъҷуӣ ва таҳдиди беобурӯ кардан аз зани ҷавон 1 гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии “Нокия”, ба маблағи 3300 сомониро гирифтааст”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки боздоштшуда такроран зани 25-соларо бо роҳи фиреб ба осоишгоҳи “Қаратоғ” бурда, муносибатҳои маҳрамонаашонро бо телефони мобилии худ ба навор гирифтааст: “Баъдан бо таҳдиди беобрӯ кардан аз ҷавонзан 1050-сомониро талаб кардааст”.
Мақомоти милиса мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.