Имзои 6 созишномаи нав ва умеди Тоҷикистон ба ҷалби сармояи Кувайт
Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар ҳузури сарони ҳар ду кишвар 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон 15-уми май зимни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт теъдоди созишномаҳои ҳамкории ду кишвар ба 17 адад расиданд. Манбаъ дар қатори 6 санади нав аз ҷумла номбар кард:
- Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб;
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо амири Кувайт изҳор доштааст, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олию баланд омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд: “Баргузории Машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳамасола баргузор шаванд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар мулоқот бо масъулини дигари Кувайт бо зикри имконот ва таҷрибаи беҳамтои Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар соҳаҳои афзалиятнок- энергетикӣ, нақлиёт ва ифрасохтор амалӣ хоҳанд шуд.