Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, задухӯрд дар қабристони Хованское баъди он рух додааст, ки як гуруҳи номаълум аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар онҷо кор мекунанд, “ҳақпулӣ” талаб кардаанд.
Дар пайи ин задухӯрд, ки 14 май ба вуқӯъ пайваст, се шаҳрванди Тоҷикистон кушта, даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Ҳар се аз кушташудаҳо сокинони шаҳри Роғун ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ҳалокшудаҳо Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 мебошанд.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, сафорат 14 май дар пайи ин қазия унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода, дар он пешниҳоди маълумот оид ба ин қазия ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дархост кардааст. Ӯ дар шарҳи қазия гуфт, “дар рафти суҳбат бо намояндагони расмии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ доданд, ки тақрибан соати 12-и рӯзи 14 май ба ҳудуди гуристон шахсони барои онҳо номаълум ворид гардида, ба онҳо ҳамла карданд. Ин шахсон ҳангоми ҳамла яроқи оташфишонро истифода намуданд. Чи тавре муҳоҷирони меҳнатӣ хабар доданд, ҳамлагарон аз муҳоҷирони меҳнатӣ “ҳақпулӣ” талаб карданд. Тибқи гуфтаҳои онҳо як рӯз пеш аз фоҷеа шахсони номаълум ба назди онҳо омада, додани қисми музди меҳнати муҳиҷиронро талаб намуданд".
Бино ба иттилои расида, дар гуристони Хованскоеи Маскав асосан муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор карда, ба гузоштани санги болои қабр, гурканӣ ва ободонии қабрҳо машғуланд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеаш дар пулиси Маскав хабар медиҳад, ки занозанӣ дар қабристонмиёни намояндаҳои минтақаи Қафқози Русия ва муҳоҷирони тоҷик рух додааст. Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст, дар пушти ин қазия ду гуруҳи зодагони Тоҷикистон истодаанд: "Ба гуфтаи дастикам ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳодисот, як гуруҳи ҷавонони тоҷики варзишгар, ки дар як толори гуштии шаҳри Маскав машқ мекарданд, то занозании дирӯза чанд бор ба қабристони Хованское омада, аз мардикорони тоҷик “ҳақ” талаб кардаанд".
ВИДЕОИ ЗАНОЗАНӢ
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон, Абдуғаффор Азизов, роҳбари намояндагии ВКД дар ФР ва Зоҳир Мирзозода, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо мақсади муайян кардани ҷузъиёти воқеа ба ҷойи ҳодиса рафтанд: “Оид ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот ҷараён дорад. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шудаанд. Зиёда аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд”.
Ба иттилои манбаъ, бо дастури сафири Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони сафорат, Хадамоти консулӣ, намояндагии ВКД дар Русия ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуруҳи муштарак барои муайян кардани теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маҷруҳ шудаанд, таъсис шудааст: “Чи тавре маълум гардид дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 31 се шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ шуданд. Баъд аз гирифтани кумаки тиббии авалия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҷавоб дода шуд ва севвумин Ғафуров Караматулло ҷароҳатро пушти сар карда, дар шуъбаи реаниматсия қарор дорад. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ менамоянд. Ба беморхонаи клиникии № 71 се шаҳрванд расонида шуд, ки ҳамаи онҳо баъд аз ҷароҳат дар шуъбаи реаниматсия қарор доранд. Айни замон аз ҳисоби умумии захмбардоштагон, ки дар бемористонҳои Москва бистарӣ шудаанд, 9 шаҳрванди Тоҷикистон муайян шудааст. Шахсияти дигар маҷруҳон муайян шуда истодааст”.