Боздошти 4 сокини Хуҷанд бо 8650 ҳаби 20 долларӣ дар Душанбе
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон чор сокини шаҳри Хуҷандро бо 8 ҳазору 650 ҳаби мадҳушкунанда дар Душанбе хабар дод.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод Азамов Музаффар, Шарипов Фарҳод, Вайсов Муҳиддин ва Алиназаров Низомиддин моддаҳои психотропиро дар Хуҷанд харида, 25-уми апрел барои фурӯш ба Душанбе интиқол додаанд: “Зимни амалиёт дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе аз дохили автомашинаи тамғаи "Шевралет Каприз" ҳабҳо дарёфт шуданд, ки дар бозори сиёҳ ҳар кадоми он 20 доллари амрикоӣ нарх дорад. Маблағи умумии 8650 ҳаби мусодирашуда тахминан 200 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.