Баъди селу обхезӣ: Президент бо раисони навоҳии зарардида суҳбат кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 14 май бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор сӯҳбати телефонӣ анҷом додаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда дар бораи офатҳои табиии шабонарӯзи охир ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд: “Таъкид гардид, ки дар тамому шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта барои саривақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ имконоту иқтидорҳои мавҷуда ба пуррагӣ сафарбар карда шудаанд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд дар мавриди вазъи роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон вазъият дар тамоми шоҳроҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ ва роҳҳои байнишаҳрию маҳаллӣ зери назорат қарор дошта ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи онҳо пурра имконпазир мебошад.
Ин гузориш дар ҳолест, ки аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки аз соати 1-и шаби гузашта шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ барои ҳаракати мошинҳои сабукрав кушода шуд: “Ҳамзамон корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Дар назар аст, ки ба зудӣ барои ҳаракати мошинҳои боркаш низ шароит фароҳам шавад”.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилояту навоҳии зарардида барои андешидани чораҳои таъхирнопазир дар барқарорсозии қитъаҳои роҳҳо ва пулҳои аз обхезӣ зарардида, расонидани кӯмакҳои аввалин ба мардуми осебдида ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми шоҳроҳҳо ва роҳҳои байнишаҳрию маҳалии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур супориш додааст.