Декани нави факултаи журналистика сомона таъсис дод
Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сомонаи интернетии худро бо суроғаи www.journalism.tnu.tj фаъол кардааст.
Дар ин бора масъули сомона Фирдавси Низом, ба “Озодагон” иттилоъ дода гуфт, сомона дирӯз 13 май дар шабакаи интернет фаъол гардид.
Номбурда афзуд, таъсиси сайт аз чониби Саъдӣ Маҳдӣ, декани нави факулта роҳандозӣ шудааст.
Сомона аз ҳашт бахш асосӣ, садорат, илм, таълим, тарбия, студияи таълимӣ ва устодон иборат мебошад.
Ба гуфтаи Фирдавси Низом дар ҳоли ҳозир дар сомона матолиби марбут ба донишгоҳ, факулта, мақолаҳо ва китобҳои устодону донишҷӯён ба нашр мерасад.