“Кидат” ва 17 сол ҳабси домоде, ки ғорати хусури дорояшро ташкил кард
Шаҳбози Анварзода, дар ҳайати як гуруҳи 8 нафарӣ дар ташкили ғорати хонаи хусуру хушдоманаш гунаҳкор дониста шуда, ҳамроҳ бо шариконаш ба муҳлати аз 15 то 17 сол равонаи зиндон гардидаанд.
Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Анварзода ба Атобеков Фаридун, Муҳабатов Фаррух, Манонов Наҷибулло, Темиров Фазлиддин, Муҳаммадҷони Рӯзимад ва шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои “Анушервон”, “Мулло” ва “Бахаи кулобӣ” изҳор доштааст, ки хусуру хушдоманаш дороии зиёд доранд ва ғорати онҳоро тарҳрезӣ кардаанд.
Ба иттилои додгоҳ бо нишондоди Анварзода шарикони ҷиноияш тахминан соати 13-и 29-уми июни соли 2015 ба хонаи хусуру хушдоманаш - Содиқов Дониёр ва Содиқова Гулшан, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Ҳ.Ҳакимзода хонаи № 66 ҳамла кардаанд: “Муҳабатов Фаррух, Манонов Наҷибулло, Темиров Фазлиддин, Муҳаммадҷони Рӯзимад, “Анушервон”, “Мулло” ва “Бахаи кулобӣ” ба назди хонаи Содиқовҳо ҳозир шуда, Муҳабатов занги дари дарвозаро зер менамояд. Дарвозаро соҳибхона Содиқова мекушояд, ки мавриди ҳамлаи ниқобпӯшон қарор мегирад. Он вақт дар хона хушдоман, келин ва набераҳои 4-7-солааш қарор доштаанд. Ҳамлагарон бо скоч дасту пой ва даҳони аъзои хонаводаро баста, бо таҳдиди куштан дастур медиҳанд, ки овоз набароранд. Сипас бо арраи барқии оҳанбурӣ ҷевони оҳанини соҳибхонаро бурида, 132 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҷавоҳирот, ҷамъ ба маблағи 141 ҳазору 900 долларро гирифта, фирор мекунанд”.
Дар пайи содир кардани ҷиноят 7 шарики Шаҳбози Анварзода дороии ғораткардаашонро байни худ тақсим мекунанду ҳаққи ӯро намедиҳанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, Шаҳбози Анварзода, ки баъди ташкили ғорати хусуру хушдоманаш бо дасти холӣ монд, моҳи сентябри соли 2015 барои ситондани ҳаққи худ тағояш Рамазон Ҳайдаров ва домоди тағо Рустам Раҳимовро ҷалб мекунад.
Ба иттилои манбаъ тағо ва домод ба Муҳабатов, ки он вақт барои истироҳат ба Маскав рафта буд, тариқи телефон занг зада, ҳаққи Анварзодаро талаб мекунанд: “Дар натиҷа Муҳабатов 5 ҳазор долларро равон мекунад, ки аз он ба худи Анварзода ҳамагӣ 1 ҳазор доллар мерасад”.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, дар пайи баррасии қазия Шаҳбози Анварзода ва Муҳабатов Фаррух дар роҳзанӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 17 соли зиндони низомаш сахт, Темиров Фазлиддин ва Манонов Наҷибулло ба 16 соли зиндон ва Муҳаммадҷони Рузимад ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардиданд. Инчунин додгоҳ Раҳимов Рустам ва Ҳайдаров Рамазонро барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва соҳибӣ ба моле, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадааст, барои 1,5 солӣ равонаи зиндон кардааст.