Исломобод: Душанбе барои харитаи нодурусти Покистон узр хост (АКС)
Вазорати умури хориҷии Покистон ба баҳси расонаҳо, сиёсатмадорҳо ва фаъолони ҷомеааш, ки Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи КАСА-1000 харитаи Покистонро нодуруст тасвир кард, вокуниш нишон дод.
Дар пайи нашри тасвирҳо аз маросими ифтитоҳи КАСА-1000, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон, Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон 12-уми май баргузор шуд, дар Покистон баҳс бархест, ки Тоҷикистон харитаи ин кишварро нодуруст тасвир карда, минтақаҳои Кашмир ва Гилгит-Балтистонро ҳамчун ҳудуди Ҳиндустон нишон додааст.
Аз ҷумла Шайх Маҳмуд Курешӣ, раҳбари Ҳаракати Покистон барои адолат, “Теҳрики инсоф”, раҳбарияти Лигаи мусалмонҳо, раёсати Шӯрои Кашмир, Билвал Буҳуто Зардорӣ, раҳбари Ҳизби халқии Покистон ва дигар ниҳодҳою корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тасвири нодурусти харитаи Покистонро гуноҳи дипломатҳои Покистон гуфтаанд, ки саривақт вокуниш нишон надодаанд.
Вазорати умури хориҷии Покистон бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки иштибоҳ дар тасвири харита аз ҷониби ҳайати Покистон фавран баъди ҳозир шудан ба макони маросим ба қайд гирифта шуда буд: “Аз ҷумла роҳбарияти сиёсии ҳайати Покистон ин иштибоҳро қайд кард ва ин масъала бо намояндагони кишвари мизбон ба миён гузошта шуд”.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Покистон ҳукумати Тоҷикистон узр хоста, изҳор дошт, ки ин тасвир харитаи аслӣ нест: “Ҳайати мизбон барои ин иштибоҳ узр хоста, изҳор доштанд, ки тасвирро ислоҳ хоҳанд кард”.
Вазорати умури хориҷии Покистон таъкид кардааст, дар варақаи КАСА-1000, ки миёни ҳайатҳо тақсим шуд, харитаи Покистон дуруст тасвир шуда буд.
Сайёд Тариқ Фотимӣ, ёвари махсуси Навоз Шариф оид ба корҳои хориҷӣ низ изҳор доштааст, ки Хоҷа Осиф, вазири федералии обу ғизои Покистон дар макони маросим тасвири нодурусти харитаи Покистонро мушоҳида карда, фавран бо ҷониби Тоҷикистон ин масъаларо ба миён гузоштааст.