Ихтирои барномасози мусалмон барои нобиноён (ВИДЕО)
Сакиб Шайх, яке аз барномасозҳои мусалмони ширкати “Microsoft” роҳандозии як барнома барои телефонҳои ҳушмандро рӯи даст гирифтааст, ки барои нобиноён нигаронида шудааст. Ин барнома “Seeing AI” ном дошта, ашё ва одамонро дида, иттилоот дар бораи онҳоро дар шакли садо таҳия мекунад. Худи Шайх дар ҳафтсолагӣ нобино шудааст.
Ихтирои ӯ дар айнакҳои махсус ҳам қобили насб будааст. Ин барнома метавонад ҷинс, синну сол ва ҳатто эҳсосоти ҳамсуҳбатро мушаххас кунад. Он қобилияти гирифтани акси санадҳоро ҳам дошта, матни оҳоро ба садо табдил медиҳад.