Бонки ҷаҳонӣ: CASA-1000 “лимит”-и барқ дар Тоҷикистонро бештар намекунад
Бонки ҷаҳонӣ ба нигарониҳои хос атрофи тарҳи “CASA-1000” дар сомонаи расмияш ҷавоб гуфтааст.
Ин ниҳод таъмини амниятро яке аз масъалаҳои калидии тарҳи “CASA-1000”, ҳам дар ҷараёни сохтмон ва ҳам дар замони истифодааш унвон кардааст. Ба навиштаи торнамои расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳдидҳо бештар ба минакорӣ, қасдан хароб кардан ва дуздидани таҷҳизот бастагӣ доранд.
Ин ниҳод гуфтааст, намояндагони ҳамаи кишварҳои иштирокдори ин тарҳ ваъда додаанд, ки амнияти коргарон ва таҷҳизоти пудратчиро таъмин мекунанд: “Тамоми кишварҳо дар мавриди таъмини амният нақшаи худро ҳам дар раванди сохтумон ва ҳам дар замони истифода омода кардаанд”.
Тибқи гуфтаи ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ пардохтани пули ҳамаи корҳои марбут ба минаҳо ва ё ҳар чорабинии дигар дар заминаи таъмини амният дар назар гирифта шудааст. Инчунин таъкид шудааст, ки барномаи дастгирии мардумоне, ки наздики хатти барқ зиндагӣ мекунанд, ҳамчун ангезае барои таъмини амният хидмат мекунад: “Дар сурати ҳар навъ харобӣ меъёрҳое барои кам кардани қатъ шудани интиқоли барқ коркард шудаанд”.
Бонки ҷаҳонӣ ба суол дар мавриди он, ки оё роҳандозии хатти интиқоли барқи “CASA-1000” камбуди барқ дар Тоҷикистону Қирғизистонро шиддат намебахшад, посухи рад додааст: “Фурӯши барқ танҳо аз 1 май то 30 сентябр анҷом мешавад. Дар ғайри сурат ин барқи изофӣ бар ҳадар меравад. Содир кардани барқ дар фасли тобистон ба камбуди он дар фасли зимистон таъсири манфӣ надорад. Баръакс маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши барқ ба даст меояд, барои роҳандозии иқтидорҳои нави тавлиди нерӯ сармоягузорӣ мешаванд ва барои коҳиши камбуди барқ мусоидат мекунанд”.
Бонки ҷаҳонӣ хушбин аст, ки тарҳи мазкур роҳро боз мекунад ва Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд дар фасли зимистон ҳам тариқи ҳамин хат барқ фурӯшанд.
Бонки ҷаҳонӣ арзиши ин тарҳро 1,17 милиард доллар ҳисоб карда, изҳор доштааст, ки дар марҳилаи сохтмони хат маблағҳои тарҳ дар суратҳисоби бонке, ки берун аз кишварҳои иштирокдор қарор дорад, нигоҳдорӣ хоҳанд шуд. Ин ниҳоди молиявӣ пайомадҳои экологии тарҳро ночиз хонда, муҳлати анҷоми тарҳро се сол ҳисоб кардааст.