Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд
Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 13 май дар мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ин ду вакили дифоъро дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам кард.
Рустам Ғаюров гуфт, матлабҳое, ки ин ду нафар дар хабаргузориҳои “Озодагон”, “Тоҷнюс”, “Озодӣ” ва “Фергана” нашр кардаанд, хусусияти барангехтани кинаву адоватро дошта, дар онҳо ба тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мешавад. Аммо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ин иддаоҳоро бепоя хонда, гуфтанд, дар матлабҳое, ки ишора шудааст, чунин даъватҳо сурат нагирифтаанд. Қаблан, ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар як тадқиқоти журналистӣ рӯйхати ин матлабҳоро нашр карда, гуфта буд, 4-5 соли пеш навишта шудаанд:
1. Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон. 26.06.2011. Сомонаи “Иршод”
2. Муроҷиатномаи ҷунбиши “БАС” ба мардуми Тоҷикистон.18 августи 2011
3. “Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента”. 21.11.2011. ОЗОДӢ.
4. “Эмомали Рахмон в отставку!” 06.01 2012.
5. “Хоруғ асоси импичменти Эмомали Раҳмон”.19 августи 2011
6. “Таджикистан накануне революции”.
7. Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия”. Фергананюс. 21 апреля 2012”.
Дар ин тадқиқот навишта шудааст, ки оилаи Ёровҳо ба суоли он ки “мақомот бар онанд, ки ҳамаи ин мақолаҳоро Ёров навиштааст?!”, посух додаанд, ки: “ин мақолаҳоро аз хонаи ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ёфтаанд. Онҳо рабте ба Бузургмеҳр надоранд. Ба гумони мо, Маҳкамов мисли хеле аз пирони дигар компютерро намедонаду мақолаҳоро аз Интернет чоп кардааст, то хонад. Мақолаи ба корҳои худашу “Ориёнбонк” дахл доштааш дар ноутбукаш будааст. Ин мақолаҳои чанд соли пешанд, ки дар ҳар ҷои хонаи ӯ партофта шуда будаанду мақомот онҳоро ҷамъ кардаанд”.
Зимнан, Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи имрӯз аз додраси парванда хост, то ин матлабҳо мавриди ташхис қарор дода шаванд. Додрас -- Асадулло Бобохонзодадархостро қабул ва эълон кард, мурофиаи навбатӣ баъди анҷом шудани ин ташхис сурат мепазирад.
Мурофиаи ин ду ҳуқуқшиноси тоҷик дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор шуд.
ЭЪЛОНИ ТАНАФФУС БАЪДИ ДАРХОСТИ ЁРОВ БАРОИ ҲУЗУРИ ҲАМАИ ҶАБРДИДАҲО
Қабл аз зуҳри имрӯз Бузургмеҳр Ёров дархост кард, тамоми ҷабрдидаҳое, ки алайҳаш даъво доранд, ба мурофиа ҳозир шаванд. Ӯ бо либоси адвокатиаш дар ҳузури рӯзноманигорон, намояндаҳои САҲА ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ изҳор дошт, дар мурофиаи якум аз 18 ҷабрдида 4 нафар, дар мурофиаи дуюм 1 нафар ва имрӯз ҳамагӣ як ҷабрдида ҳозир шудааст. Ёров изҳор дошт, мувофиқи қонун бояд ҳамааш иштирок кунанд, то баъдан нофаҳмиҳо ба вуҷуд наоянд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои ҳозир нашудан ҳар ҷабрдида 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шаванд. Ёров инчунин дархост кард, то мутахассисони овоз, хат ва диншинос ҳозир карда шаванд, то дурустии даъвоҳои ҷабрдидаҳою додситонро баҳо диҳанд. Нуриддин Маҳкамов, айбдоршавандаи дигар низ аз изҳороти Ёров ҳимоят кард. Додситони мурофиа тасдиқ кард, ки бар асоси қонун бояд ҳамаи ҷабрдидаҳо иштирок кунанд ва додрас барои иҷрои дархости Ёров то соати 14:00 танаффус эълон кард.
Баъд аз танаффус додрас гуфт, ҷабрдидаҳоро барои ҳозир нашудан ҷарима намекунанд, зеро шояд барои наомадан ба мурофиа узр доранд. Бино ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ 18 нафаре, ки аз Бузургмеҳр Ёров шикоят бурдаанд, иддао доранд, ки ӯ дар маҷмӯъ 92 ҳазору 300 доллари онҳоро гирифтааст. Аммо Ёров ин ҳамаро рад мекунад.
Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи имрӯз инчунин аз нақз шудани ҳуқуқҳогяш гуфт. Ба гуфтаи ӯ, намегузоранд, ки бо вакили дифоаш дар танҳоӣ ба баррасии парванда машғул шаванд.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.