«Ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ».
Таҳти чунин унвон бо иштироки кормандони идора ва ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти Суғд семинари машваратӣ баргузор гардид. Дар он сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи президент Алиҷон Шоназаров, мудири шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи вазорати фарҳанг Нӯъмон Муқумов, сардори шӯъбаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнии раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Убайдулло Одинаев ва дигарон ширкат доштанд.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 156 ҷинояти марбут ба моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи муаллиф ба қайд гирифта шудааст. Феълан, дар вилояти Суғд Комиссияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вобаста ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ фаъолият менамояд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд.