Роҳи Хуҷандро барои роҳпаймоии ҷавонон бастанд (АКС)
Аз субҳи имрӯз, 13 май роҳи марказии шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд баста аст.
Ин тасмим ба хотири анҷоми роҳпаймоии ҷавонон ҷиҳати пуштибонӣ аз раъйпурсии умумихалқӣ гирифта шудааст. Хабарнигори “Озодагон” дар Хуҷанд мегӯяд, роҳи марказии Хуҷанд аз назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров то назди бозори Панҷшанбе баста аст: “Бино ба хабарҳо дар ин роҳпаймоӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок доранд”.