Рассоми тоҷик барандаи ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод”
Вафо Назаров, рассоми халқии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод”-и Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) гардидааст.
Хазинаи байналмилалии башардӯстонаи ИДМ мегӯяд, маросими эътои ҷоизаҳо 11 июн дар шаҳри Минск, пойтахти Белорусия баргузор мешавад.
Вафо Назаров дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ буда, академики Академияи рассомии Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ мегӯяд, ҷоиза дар се бахш — илму маориф, фарҳангу ҳунар ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, ҷавоизи он 2 миллион рублро ташкил медиҳад. Дар баробари рассоми тоҷик, пианинонавози озарӣ --Бадалбелӣ Фарҳод, олими соҳаи физика аз Арманистон -- Серге Амбартсумян, профессори қазоқ – Умуткан Муналбоева, оҳангсози қирғиз – Муродбек Бегалиев, нависандаи молдавӣ – Ион Друтсе ва ҳунарманди рус -- Юрий Соломин низ соҳибҷоиза шудаанд.