Ҳудуди 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.
Дар ин бора Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти Федералии муҳоҷирати ин кишвар ба расонаҳои русӣ иттилоъ додааст. Хонум Корнилова афзудааст: «297 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд ва ҳукми додгоҳро дар мавриди депорт шуданашон аз Русия гирифтаанд, рӯзҳои наздик ба кишвари зисташон истирдод мешаванд. Ҳоло фақат паҳлӯи техникии кор- омодасозии асноди зарурӣ мондаасту бас». Сомонаи расмии ҳизби ҳокими Русия «Единая Россия» (Русияи воҳид) бо такя ба иттилои Хадамоти Федералии муҳоҷират ин хабарро ба нашр расондааст.
Қаблан, ХФМ-и Русия гуфта буд, ки беш аз 100 муҳоҷири кории тоҷик бо сабаби нақзи қавонини марбута аз ин кишвар ихроҷ мегарданд. Хабаргузории «Интерфакс» ҳам шоми дирӯз иттилоеро пахш кард, ки муҳоҷирони кории тоҷик барои дарёфти иҷозаи кор дар Русия ба мушкил мувоҷеҳ гаштаанд.