Сел дар Дарвоз роҳи Душанбе-Бадахшонро хароб кардааст
Боронҳои шадид ва сел дар ноҳияи Дарвоз як қисмати роҳи мошингарди Душанбе-Бадахшонро хароб карда, рафтуои нақлиётро масдуд кардааст.
Аз дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт ба “Озодагон” гуфтанд, аз километри 245 то 304-и ин масир дар ноҳияи Дарвоз хароб шудааст: “Дар минтақаи селомада корҳои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома дорад”.
Акс аз бойгонӣ