Масъули ҳукумати Бохтар: Супориш набуд, ба собиқадорони ақибгоҳ кумак накардем
Наздикони Хайринисо Аслиддинова, як сокини 88-солаи вилояти Хатлон аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбат ба ин собиқадори ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ҷамолиддин Шарипов, ҷияни хонум Аслиддинова имрӯз, 12 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, холааш умед дошт, ки ҳадди ақал дар рӯзи ҷашни ғалаба – 9 май кадоме аз масъулин дари манзилашро кӯфта, аҳволпурсӣ мекунад, аммо касе суроғаш накард.
Хайринисо Аслиддинова 15 июли соли 1928 таваллуд шуда, дар дар ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад. Ба нақли Ҷамолиддин Шарипов ӯ дар солҳои душвори Ҷанги бузурги ватанӣ яке аз фаъолзанҳои ақибгоҳ буда, соли 1947 бо медали “Барои меҳнати фидокорона ва шуҷоатмандӣ” сарфароз шудааст.
Ҷаноби Шарипов мегӯяд, ин собиқадори ақибгоҳро масъулин солҳост ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтаанд ва муроҷиатҳои батакрорашон унвонии ҷамоат ва ҳукумати ноҳияи Бохтар барои кумак ба ӯ бепосух мондаанд: “Холаам фарзанд надорад ва бар илова рӯи бистари беморӣ мехобад. Болои ин ҳама нафақаи ӯро аз 350 сомонӣ ба 200 сомонӣ поин бурдаанд”.
Шариф Табарзода, корманди дастгоҳи ҳукумати Бохтар дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои кумак ба собиқадорони ақибгоҳ супорише нагирифтаанд. “Аз ҳукумати ноҳияи дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар 15 иштирокчии ҶБВ кумакпулӣ дода шуд. Собиқадорони ақибгоҳ ба ин рӯйхат ворид намешаванд. Аз сабабе ки барои кумак ба иштирокчиёни ақибгоҳ ягон супориш набуд, мо ҳам ба онҳо кумак накардем”,-афзуд ӯ.