Фурӯши 50%-и саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”: Пирзода мегӯяд ба пули бештар ниёз доранд
“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд, 50 дарсади саҳмияҳояшро барои фурӯш ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод кардааст. Дар ин бора нашрияи бритониёии “BNE Intellinews” хабар дода, афзудааст, ки феълан маҷмуи капитали “Тоҷиксодиротбонк” 80 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”, ки феълан барои гуфтушунид дар Лондон қарор дорад, дар суҳбат бо “BNE Intellinews” изҳор доштааст, ки аллакай бо президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабортӣ мулоқот доштааст ва раҳбари БАТР барои кӯмак ба “Тоҷиксодиротбонк” изҳори омодагӣ кардааст: “Мулоқоти дигари мо 12 май баргузор мешавад. Дар мулоқот мебинем, ки то куҷо метавонем ба шартҳои БАТР мувофиқат кунем. Ҳамчунин мо сармоягузорони дигарро ҷустуҷӯ хоҳем кард, то маблағи бештаре ҷалб намуда, уҳдадориҳоро назди мизоҷон пурра иҷро кунем”.
Георгий Орлов, мудири БАТР оид ташкилотҳои молиявии Русия ва Осиёи Марказӣ изҳор доштааст, ки дар пайи коҳиши содироти мол ва воридоти маблағи муҳоҷирон, низоми бонкии Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ шудааст. Ӯ афзудааст, дар пайи коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ бисёре аз шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон натавонистаанд, қарзҳои бонкиро саривақт пардозанд, ки дар натиҷа бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон ба мушкилот мувоҷҷеҳ шудаанд.