Тоҷикистон ба Grand-Prix чор варзишгарро мефиристад
Дар мусобиқоти Grand-Prix-и Алмаатои Қазоқистон Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ мекунад.
Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, барои иштирок дар ин сабқат Фарҳод Раҳимов (вазни зери 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (зери 90), Саидҷалол Саидов (зери 100) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100) ба Қазоқистон хоҳанд рафт.
Ба иттилои Лоиқов ин охирин мусобиқа барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия мебошад. Ин мусобиқа аз 13 то 15 май бо ҳузури 600 варзишгар аз 98 кишвар дар Қасри варзиши ба номи Балуана Шолакаи Алмаато баргузор мешавад.
Миёни ҷудокорони тоҷик танҳо Комроншоҳи Устопириён соҳиби роҳхат ба бозиҳои Олимпии соли 2016 мебошад.