Оғози сохтмони КАСА-1000: Э.Раҳмон гуфт, захираҳоямонро ба фоидаи ҳама кор мебарем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12 май дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон, Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон ба сохтмони хатти интиқоли барқи КАСА-1000 оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтар матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар километри 47-уми шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар маҳалли баргузории чорабинӣ, Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадрро истиқбол гирифт: “Нахуст дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 омада, бо калидҳо мурватҳоро ба такягоҳ тоб доданд. Сипас бо пахши тугмаи рамзӣ татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 расман оғоз гардид”.
Ба иттилои манбаъ маблағи умумии лоиҳаи CASA-1000 1 миллиард доллар арзёбӣ мегардад: “Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ба миқдори 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб мекунад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд.Дар назар аст, дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати 500 киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хатти баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз шавад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар назар аст, ки фурушандагони нерӯи барқ - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳҳои май - сентябр то 5 миллиард киловат соат, аз ҷумла 3 миллиард киловатт соат Тоҷикистон ба харидорон - Афғонистон ва Покистон таҳвил хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронияш дар маросими оғози сохтмони хатти интиқоли барқи КАСА-1000 зикр кардааст, ки иқтидорҳои истеҳсолии захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беш аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд ва айни замон танҳо панҷ фоизи онҳо ба кор бурда мешавад: “Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки кулли минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем”.
Ӯ ба маблағгузорҳои асосии КАСА-1000, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Аврупоии сармоягузорӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳамчунин Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ изҳори сипос карда, илова намудааст, ки лоиҳаи КАСА-1000 нахустин тарҳи байниминтақавӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки бунёди зиёда аз 1342 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда, зеристгоҳҳои табдили шиддат, истифодаи таҷҳизоти навтарини ҷараёни доимӣ дар назди энергетикҳову сохтмончиён вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад: “Дар назар аст, ки тавассути КАСА-1000 солона то 5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон таҳвил карда шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки як силсила мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву экологӣ дар ҳар чор кишвар ҳаллу фасл гарданд. Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳост.Як нуктаи дигари муҳимро низ зикр бояд кард: татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди тиҷорату истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ такони тоза бахшида, амнияти энергетикиро дар минтақа таъмин хоҳад кард”.
Раҳбари Тоҷикистон изҳор доштааст, ки сохтмони иншооти муҳимми тавлиди нерӯи барқ ва хатҳои интиқоли он идома дар кишвар доранд: “Ҳамаи ин нишонаи возеҳи бамаротиб зиёд гардидани имкониятҳои Тоҷикистон дар ҷодаи тавлиди энергияи «сабз», ки аз рӯи фоизи истеҳсоли он кишвари мо, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой гирифтааст, мебошад”.
Эмомалӣ Раҳомн таъкид кардааст, ки ки лоиҳаи КАСА-1000 на танҳо хатти интиқоли нерӯи барқ аст, ки кишварҳои моро ба ҳамдигар пайванд медиҳад, балки рамзи эҳё ва таҳкими робитаҳои таърихии тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо ва оғози ҳамгироии онҳо дар самтҳои дигари иқтисодиёт мебошад: “Татбиқи муваффақонаи лоиҳаи КАСА-1000 гувоҳи он хоҳад буд, ки кишварҳои мо минбаъд низ метавонанд дар якҷоягӣ барномаҳои сатҳи баланди байналмилалиро амалӣ гардонанд. Ба ҳамагон дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои нек комёбӣ орзу намуда, ба мутаххассисону сохтмончиён оғози бобарори кор мехоҳам”.