Шикояти Фирдавси Аъзам аз дуздии шеърҳояш дар “Телеграм”
Фирдавси Аъзам, шоири ҷавон ва маъруфи тоҷик иддао дорад, ки нафаре бо номи Ҳусайн Завор шеърҳояшро дуздида, аз номи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.
Ин шоири ҷавони тоҷик дар суҳбат бо “Озодагон” амали Ҳусайн Заворро сирқати адабӣ унвон кард.
Ӯ афзуд, то ҳол Ҳусайн Завор се шеъри ӯро дар шабакаи иҷтимоии “Телеграм”, ки махсусан миёни эрониён маъруф аст, ҳамчун моли худ нашр кардааст: “Дар “Телеграм” як канал дорам ва онҷо ҳам шеърҳои худ ва ҳам ашъори шоирони дигари тоҷикро ба иштирок мегузорам. Дирӯз чанде аз дӯстонам паём фиристоданд, ки чунин кор шудааст. Баъдан чандин гуруҳи дигарро дидам, ки воқеан шеърҳои маро ҳамчун моли худ нашр кардааст ва ҳудуди 3 ҳазор нафар “лайк” ҳам кардаанд”.
Шоир Фирдавси Аъзам мегӯяд ин се шеъри дуздидашудаи ӯ ду сол қабл дар китоби “Як бағал ғазал” нашр шудаанд.
Зимнан, оқои Аъзам гуфт китоби 3-юми ӯ бо номи “Ойини оина” бо ҳуруфи форсӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба дасти чоп мерасад. Ӯ дар ин маврид гуфт, ин китоб шомили 63 ғазали тоза мебошад.
Фирдавси Аъзам аз шоирони ҷавон ва тавонои Тоҷикистон аст, ки қаблан ду маҷмӯаи шеърҳояш бо номи “Абрҳои обӣ” ва “Як бағал ғазал” нашр шуда буданд.