Сел дар Файзобод: Хатари тахриб шудани пуле, ки ба Роғун мебарад (АКС+ВИДЕО)
Боронҳои шадиди шаби гузашта дар ноҳияи Файзобод даҳҳо манзилро қисман тахриб кардааст.
Сокинони ин ноҳия ба “Озодагон” гуфтанд, сел ҳамчунин даҳҳо сар чорворо бурда, чандин нақлиёти сабукраву боркаш, кӯлҳои моҳипарварӣ ва даҳҳо гектар замини киштро корношоям кардааст: “Дастикам нуҳ пул хароб шуд. Танҳо дар ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев ду пуле, ки ба маркази ноҳия мепайваст, вайрон шудааст”.
Як пуле, ки маркази ноҳияро ба шарқи кишвар мепайвандад, хароб шуда, пули дигар, ки асосан дар шоҳроҳи Душанбе-Роғун дуруст шудааст, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад: “Агар сел тахминан панҷ дақиқаи дигар давом мекард, он ҳам тахриб мешуд. Ҳоло нозирони роҳ дар назди ин пул истода, ба боркашҳои вазнин иҷоза намедиҳанд, ки рӯи он ҳаракат кунанд.”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, шаби гузашта ҳамчунин дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳристон ва Панҷакент низ боронҳои шадид обхезиро дар пай доштаанд. Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, то 15 май дар кишвар ҳаво номусоид шуда, рехтани борону жола дар назар аст.