Обхезӣ дар Рӯдакӣ: 1,5 ҳазор нафарро ба ҷойи амн кӯч додаанд (ВИДЕО)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ситоди наҷодиҳӣ 1,5 ҳазор сокини ноҳияи Рғдакиро ба ҷойҳои бехавф кӯч додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи борони шадид ва обхезӣ дар қишлоқҳои Адолат, Садоқат, Файзоба, Комсомол ва Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳазору 146 хона осеб дидааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи кумита ба “Озодагон” гуфт, соати 3:40-и шаби 11 ба 12 май дар ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Элок боло рафта, ба хонаҳои истиқоматӣ осеб расондааст. Нозимов афзуд, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи оқои Нозимов ҳоло баҳисобгирии зарари расида ба ноҳия идома дошта, натиҷаи муқаддамотӣ баъд аз зуҳр эълон мешавад.
ВИДЕОИ обхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ: