Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвазирҳои Покистону Қирғизистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 11 май дар Қасри Миллат сарвазирҳои Покистону Қирғизистонро, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Навоз Шариф, сарвазири Покистон аз 50 санади байниҳукуматию байниидоравии ду кишвар зикр шуда, таъкид гардид, ки барои густариши ҳамкориҳои заминаи хуби ҳуқуқӣ фароҳам ҳаст: “Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд”.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 самараи нек ба бор оварда, дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар мулоқот бо Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон низ аҳамияти КАСА-1000 барои ҳамкории минтақавӣ зикр шудааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд, ҳавасманд буда барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамому имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.
Инчунин барои иштирок дар маросими оғози татбиқи КАСА-1000, ки имрӯз, 12 май дар назар аст, Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи Афғонистон низ дар Тоҷикистон қарор дорад.