Хоҳишҳои Ғанӣ аз Душанбе: Аз мушкили афғонҳо бо милисаҳо то ифтитоҳи дубораи консулгариҳо
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон зимни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 11 май анҷом меёбад, аз Душанбе хостааст, консулгариҳояшро дар Қундуз ва Бадахшон дубора боз кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Афғонистон, Ғанӣ дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ваъда додааст, ки мақомоти кишвараш амнияти дипломатҳои тоҷикро таъмин хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аввали соли равон эълон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Қундузи Афғонистон фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо мутаваққиф кардааст.
Дар баробари ин Ғанӣ мушкилоти афғонҳои муқими Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоте, ки бо мақомоти милиса доранд, ба миён гузошта хостори ҳаллашон шудаст.
Раисиҷумҳури Афғонистон инчунин аз Расулзода хоҳиш кардааст, ки додани раводид барои тоҷирон ва сокинони Бадахшонро содатар созаду барои интиқоли маҳбусони бемори афғон ба Ватан мусоидат кунад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Расулзода ваъда додааст, ки талошҳояшро барои ҳалли мушкили афғонҳо дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.