Навоз Шариф ба Душанбе омад: Доктор Абдуллоҳ дар роҳ ҳаст...
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон, имрӯз 11 май вориди Душанбе шуд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Навоз Шариф барои иштирок дар маросими оғози сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 ба Тоҷикистон омад. Манбаъ афзуд, ки барои иштирок дар ин маросим инчунин Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Вазорати умури хориҷӣ илова намуд, ки сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков низ баъди зуҳри имрӯз, 11 май вориди Душанбе шуда, фардо 12 май дар оғози сохтмони CASA-1000 ширкат мекунад. Дар ин маросим инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст.
Зимни сафари раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсоя ба Душанбе мулоқотҳои дуҷонибаи онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.