Баҳроми Ғафурӣ: Ин бор барои бозхонии беиҷозаи сурудам шикоят мебарам (ВИДЕО)
Баҳроми Ғафурӣ, сарояндаи маъруфи попи тоҷик мегӯяд, барои бидуни иҷоза бозхонӣ шудани сурудаш шикоят хоҳад кард.
Ахиран, клипи таронаи “Ишқи ман”-и Баҳром дар пешниҳоди Фавод Улфат ва Тараннум Саид, хонандаҳои афғон ба интернет роҳ ёфт. Баҳром Ғафурӣ имрӯз, 11 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз он ки таронаҳояшро хонандаҳои берун аз марзи Тоҷикистон бозхонӣ мекунанд, хурсанд аст, аммо ӯро бидуни иҷоза ва ҳатто ишора накардан ба муаллифи аслии суруд нигарон кардааст: “Барои суруди як ҳунармандро сароидан бояд аз муаллиф иҷоза гирифт. Аммо онҳо на танҳо напурсиданд, балки дар клип навиштаанд, ки оҳанги суруд аз Иршод Имон. Дар ҳоле ки оҳанги сурудро ман навиштаам”.
Ӯ гуфт, ҳоло қасд дорад, аз ин ду овозхон шикоят бубарад. Таронаи “Ишқи ман”-ро бори нахуст Баҳром ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё соли 2007 дар маҳфиле ба хотири ёдбуди Муқаддас Набиева иҷро карда буд.
Клипи таронаи "Ишқи ман" дар иҷрои хонандаҳои афғон. Ин клип охирҳои моҳи феврали соли равон дар Ютуб гузошта шудааст ва то замони нашри хабар он 75 949 маротиба тамошо шудааст.
Клипи таронаи "Ишқи ман" (Ту нагу) дар иҷрои Баҳром ва Шабнам
Ин бори нахуст нест, ки Баҳром аз беиҷоза бозхонӣ шудани сурудҳояш аз сӯи сарояндаҳои афғон хабар медиҳад. Дар гузашта Валӣ ду суруди ӯ -- “Дар ин замона” ва “Духтари ҳамсоя бало”-ро копӣ карда буд. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром он вақт гуфта буд, барои ин кор ба “VSP Group”, ки аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад, шикоят хоҳанд бурд, аммо ин баҳс бо узрхоҳии Валӣ дар сафҳаи фейсбукаш хотима ёфт. Валӣ навишта буд: “Мутаассифона дар клипи “Духтари ҳамсоя бало”, ки ман бозхонӣ кардаам, саҳве роҳ ёфтааст, ки ба ман гӯшрас карданд. Матни ин суруд аз ҷониби Баҳром Ғафурӣ навишта шудааст ва ман онро тағйиру такмил дода ва баъд бозхонӣ кардам”.
Ӯ дар зикр нашудани номи Баҳром Ғафурӣ дар клипи "Духтари ҳамсоя бало" студияи “Avang Music”-ро муттаҳам кардааст: “Ман барои ин саҳв мехоҳам аз дӯстам узр пурсам. Ин ҷо ягон хел беэҳтиромӣ нисбати ӯ нест ва ман муътақидам, Баҳром Ғафурӣ инро медонад.”