Тюменбоев: Узбакистон зидди “CASA-1000” нест
Оқилбек Тюменбоев, раиси “Шабакаи миллии барқи Қирғизистон” гуфтааст, ки Узбакистон барои роҳандозии тарҳи “CASA-1000” мухолифат намекунад.
Тюменбоев дар суҳбат бо расонаҳои қирғиз изҳор доштааст, ки агар мушкиле пеш наояд, тарҳи “CASA-1000” то соли 2020 амалӣ хоҳад шуд. Ӯ арзиши тарҳро 1 миллиарду 160 миллион доллар арзёбӣ карда, илова намудааст, ки сармоягузорони тарҳ кишварҳои манфиатдор ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ мебошанд.
CASA-1000 як тарҳи хатти интиқоли барқ аст, ки аз тариқи он интиқоли 300 мегават барқ аз Қирғизистон ва 1000 мегават аз Тоҷикистон ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон дар назар аст. Моҳи ноябри соли гузашта ҷонибҳои ин тарҳ қарордоди ниҳоиро дар Туркия имзо карданд. Қарор аст, ки фардо, 12 май амалисозии CASA-1000 дар Тоҷикистон дар ҳузури роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон шурӯъ шавад.