Gallup: 8%-и тоҷикистониён ҷонибдори таҳримҳои зидди Русияанд (АКС)
Пажуҳишгоҳи байналмилалии омӯзиши афкори омма Gallup миёни сокинони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои шарқию ҷанубӣ дар мавриди таҳримҳои зидди Русия назарпурсӣ гузарондааст.
Бар асоси натиҷаҳои ин назарпурсӣ, ки охири моҳи апрел дар сомонаи Gallup нашр шудаанд, дар маҷмуъ 47%-и мусоҳибон аз таҳримҳо пуштибонӣ карда, 32% зид баромадаанд: “21 фоиз натавонистаанд посухи дақиқ диҳанд”.
Гузоришгарон мегӯянд, теъдоди мухолифони таҳримҳо махсусан дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёданд. Дар ин кишварҳо ҳар нафари сеюм изҳор доштааст, ки таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди онҳо низ таъсири манфӣ расондааст.
Gallup ба сокинони 28 кишвар, аз ҷумла Русия чунин суол додааст: "ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои амалҳои Русия дар Украина ва Қрим алайҳаш таҳримоти иқтисодӣ ҷорӣ кардаанд. Шумо таҳримоти зидди Русияро ҷонибдорӣ мекунед ё не?”
Тибқи иттилои ин ниҳод дар ҳар кишвар 1000 сокини аз 15-сола боло пурсида шудаанд ва дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8 фоизи мусоҳибон пуштибонияшонро аз таҳримҳои зидди Русия баён доштаанд. Дар худи Русия 5% ва Узбакистон 2 фоиз ҷонибдори таҳримҳо будаанд.
Аз ҳама зиёд миёни кишварҳои ИДМ ба ҷонибдории таҳримҳо алайҳи Русия сокинони Украина овоз додаанд:
Омори пуштибонҳои таҳримҳои зидди Русия дар кишварҳои Аврупои шарқию ҷанубӣ: