Се голи “Триполи” ба дарвозаи “Истиқлол” дар Душанбе
Тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоии сабқати гуруҳии Ҷоми Осиё-2016 аз дастаи “Триполи”-и Лубнон шикаст хӯрд.
Ин бозӣ шоми дирӯз (10 май) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, меҳмонон бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Голи ягонаи “Истиқлол”-ро дар дақиқаи 69-ум Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонд. Муаллифи голҳои “Триполи” -- Саъд Юсуф, Майкл Кафу Ҳелегбе ва Валид Фаттоҳ буданд.
Баъди анҷоми бозиҳои даври шашум ва ниҳоии сабқати гуруҳии Ҷоми Осиё-2016 дар гуруҳи “B” дастаҳои “Нафт ал-Васат”-и Ироқ (15 имтиёз) ва ”Ал-Файсалӣ”-и Урдун (11 имтиёз) ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд. “Триполи”-и Лубнон бо ҳафт имтиёз дар ҷойи се ва “Истиқлол”-и Душанбе бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифта, аз ҳаққи иштирок дар марҳалаҳои баъдии бозиҳои Ҷоми КФО-2016 маҳрум шуданд.