Туркманистон: Боздошти дипломати қирғиз бо иттиҳоми қочоқ
Манас Усмонови 36-сола, корманди фаннии сафорати Қирғизистон дар Туркманистон барои он боздошт шуд, ки бо мошини шахсиаш кишвари иқоматро бе иҷозати роҳбарият тарк кардааст.
Баъди ин ӯ тавассути мақомоти Туркманистон аз вазифааш барканор шуд. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ҳам боздошти Усмоновро дар Туркманистонр тасдиқ кардааст.
Қаблан ВАО-и Туркманистон хабар доданд, ки Манас Усмонов рӯзи 17 апрели соли равон дар гузаргоҳи марзии “Фарап” боздошт шуда, аз дохили мошини “Toyota Highlander”-и ӯ миқдори зиёди тамокӯ мусодира гардидааст.