Боздошти як чӯпони тоҷикистонӣ бо иттиҳоми убури марзи Қирғизистон
Мақомоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар қисми сарҳадии “Кайрагач”-и ноҳияи Лайлак хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шӯъбаи иртибот бо ҷомеа ва ВАО-и ин ниҳод, дастгиршуда рӯзи 9 май ҳангоми чаронидани 230 сар чорво марзи давлатии Қирғизистонро убур кардааст: “Баъди анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бастани ҷаримаи маъмурӣ дастгиршуда ба ихтиёри марзбонони Тоҷикистон гузошта шуд”.