Анҷоми гуфтушунид бо Ғанӣ: Э. Раҳмон ба Кобул меравад
Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро хонаи дуюми Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон хонда, изҳор доштааст, ки “мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт”.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари шумо ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот таъкид шуд, ки соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион долларро ташкил дод, ки ин нокифоя аст: “Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 миллион киловатт-соат нерӯи барқ интиқол дод”.
Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки татбиқи тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA-1000 имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди нерӯи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад. Тоҷикистон инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони хатти роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон таъкид намудаст. Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат будааст.
Дар пайи гуфтушунид Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштарак дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро имзо карданд: “Инчунин дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид”.
Зимни нишасти матбуотӣ, ки баъди анҷоми гуфтушуниди раисиҷумҳурҳои Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ҷодаи амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсӣ талоши фаъол ва содиқонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ва шарикони онҳо дар чаҳорчӯби як стратегияи возеҳ ва ҳадафманд зарур аст: “Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки тавассути эҷоди шароити мусоид марзи ду кишварро ба марзи субот, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон афзуд, ки терроризм, экстремизм ва кочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд: “Майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст”.
Эмомалӣ Раҳмон даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ хонда, афзуд, ки мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки даъвати Ашраф Ғанӣ барои боздиди ҷавобии расмӣ аз Афғонистонро қабул кард ва санаи анҷоми ин сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.