Борону сел дар Панҷакент ҳам қурбонӣ доштааст (АКСУ ВИДЕО)
Дар пайи борону сели рӯзи душанбеи 9 май дар шаҳри Панҷакент як сокини 56-солаи рӯстои Шӯрча ба ҳалокат расидааст.
Аз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, ҷасади Тошбой Хӯҷамқуловро сокинони маҳаллӣ соати 08:25-и имрӯз, 10 май дарёфт кардаанд. Суҳроб Маҳмудов, сардори Курсҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд мегӯяд, "9 майи соли равон дар ноҳияи Айнӣ, соати 17:00 ҳангоми омадани сел дар рустои Ревади ҷамоати деҳоти Урметан, мавзеи назди қабристони деҳа истиқоматкунандагони ҳамин деҳа Лола Тўйғунова, соли таваллудаш 1975 ва Исмат Рустамов, соли таваллудаш 1998 ба коми сел рафтанд, ки инчунин якҷоя бо онҳо 40 сар моли майдаю калонро ҳам сел бурдааст. Ҷасади Исмат Рустамов аз тарафи истиқоматкунандагони худи ҳамон рўз соати 18:50 дақиқа дарёфт карда шуд ва бо мураккаб гардидани корҳои ҷустуҷўӣ дастаи зудамали Ситод оид ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд ва соати 07:30 дақиқаи рўзи 10-уми май ҷасади Лола Тўйғунова дарёфт ва ба хешу наздиконаш супорида шуд".
Ӯ афзуд, сел ба шаҳри Панҷакент соати 17:10 баъди боронҳои шадид омада, хисороти зиёд расондааст: “Об аз сойи Зебони ҷамоати Халифа Ҳасан берун шуда, 4 хонаи истиқоматиро пурра ва 20 манзили дигарро қисман хароб кардааст. 2 км роҳи байнидеҳа, 2 пули сойи Зебон ва биноҳои назди сойи Зебон, ки онҷо идораи хоҷагии об, идораи обу-ташноб, ПМК-278, идораи Ҳилоли Аҳмар, идораи хоҷагию манзилию комуналӣ, хоҷагии ҷангал ҷойгир буданд, қисман хароб шудаанд. Инчунин 4 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам қисман вайрон гашта, каналҳои Халифа Ҳасан -- 10 км, Тӯхтасанкориз -- 5 км, Эшон -- 4 км ва 60 гектар кишти зироат зарар дидаанд”.
Суҳроб Маҳмудов гуфт, дар деҳаи Куктош ба 40 хонаи истиқоматии шаҳрвандон селоба даромадааст: “Дар дохили шаҳри Панҷакент бошад, ба 24 хонаи истиқоматӣ селоба даромада, 1 км роҳи маҳаллаи шаҳр, 1 истгоҳ ва 4 хона қисман вайрон гаштааст. Дар маҳаллаи Кайнар ба 31 хонаи истиқоматӣ селоба даромада, 2 манзил пурра хароб гаштааст”.
Сел дар шаҳри Панҷакент 12 трансформатори барқӣ ва 10 км хати барқро хароб кардааст: “Феълан дар ҷойи ҳодиса Комиссияи вижа бо шумули 55 нафар сарбозон кор бурда истодааст”.