Дар интихоботи шаҳрдории Лондон як мусалмон баранда шуд
Содиқ Хон, мусулмони покистонитабор ва намояндаи Ҳизби коргари Бритониё шаҳрдори Лондон интихоб шуд.
Ӯ дар интихоботи рӯзи 6 май бо касби 44 дарсади оро бар рақиби худ -- Зак Голдсмит аз Ҳизби муҳофизакори Бритониё пирӯз шуд. Содиқ Хон дар суханронӣ ба муносибати пирӯзии худ гуфтааст: “Мехоҳам аз ҳар фарди аҳли Лондон ташаккур кунам, ки ғайримумкинро имконпазир карданд”.
Вай ваъда супурдааст, ки бо нобаробарӣ дар Лондон мубориза мекунад, ҳавои солим, системи ҳамлу нақли беҳтар фароҳам мекунад. Афзун бар ин, Содиқ Хон гуфтааст, барои ҳамаи сокинони Лондон новобаста аз он ки кӣ ҳастанд, зиндагии хубтар месозад.
Ин сиёсатмадори покистонитабор соли 1970 дар ҷануби Лондон дар оилаи ронандаи автобус ба дунё омада, фориғутаҳсили риштаи ҳуқуқ мебошад. Содиқ Хон пас аз таҳсил ба ваколат дар парвандаҳои ҳуқуқи башар пардохта, дар синни 27-солагӣ муассисаи ҳуқуқии худашро доштааст.