Рустами Шоҳмурод: Террористӣ эълом кардани ҲНИТ ба паймони СММ мувофиқ аст...
Вазири адлияи Тоҷикистон 6 май ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Қонуни асосии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар кас пайравии худро ба ин ё он дин мушаххас кунад.
Рустами Шоҳмурод бо ишора ба ин мавзӯъ таъкид кард, “дар Тоҷикистон бештар аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, 1 маркази исломӣ, 47 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ, 326 масҷиди ҷомеъ, бештар аз 3,5 ҳазор масҷиди панҷвақта, 2 ташкилоти динии исмоилӣ ва 1 анҷумани динии исмоилӣ фаъолият мекунанд”.
Ӯ дар бахши дигаре аз суханрониаш гуфт, Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиҳоӣ чандин қарордод ва паймонҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст: “Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 бо зуҳури терроризм ва ифротгароӣ дучор шуд. Ошӯби мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷони даҳҳо танро гирифт. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард”.
Ба ин тартиб, вазири адлияи Тоҷикистон таъкид, “бояд қайд кард, ки ташкилоти террористӣ ва ифротгаро эълом кардани ин ҳизб комилан ба паймони СММ дар бораи мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ мувофиқ аст”.