Муфтӣ дар бораи қарзи мусалмонӣ, фарқи байни оромиву нооромӣ ва Рӯзи ғалаба
Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон ба мақомот хабар додан аз содир шудани ҷиноят ва кумак дар ифшои онро қарзи инсониву мусалмонии ҳар нафар хонд.
Ӯ, ки ҷумъаи 6 май дар Масҷиди марказӣ мавъиза мекард, гуфт, инсон муваззафаст, дар сурати шоҳиди ҷинояте шудан ба мақомоти марбута хабар бидиҳад, ҳатто агар фарди ҷинояткарда “хешу табораш ҳам бошад”.
Оқои Абдулқодирзода дар идома бори дигар аз намозгузорн даъват кард, ба қадри оромиҳои кишвар бирасанд. Муфтӣ ба чанд кишвари дар ҳоли ҷанг ишора карда, онро бо Тоҷикистон қиёс кард: “Соле қабл дар телевизион тамошо кардам, ки гурезае дар зери хайма сегоник таваллуд кард ва бинобар сардии зиёд худашу кӯдаконаш ба ҳалокат расиданд. Иттифоқан дар шабакаи аввали худамон дидам, ки модаре сегоник таваллуд кард ва Президенти кишвар ба манзили сеҳуҷрагӣ тақдим кард. Ана фарқ миёни оромиву нооромӣ”.
Саидмукаррам Абдулқодирзода ба таҷлил аз Рӯзи ғалаба ҳам ишора кард ва аз иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ тавсиф намуд, ки барои оромии Ватан, ҳимояи марзу бум ва ҳифзи номуси модарону хоҳаронашон мубориза бурданд: “Имрӯз, ки шумори каме аз онҳо боқӣ мондаанд, моро зарур аст онҳоро эҳтиром ва қадрдонӣ намоем”.