Иршод СУЛАЙМОНӢ
Дахолати истеъморгарона ва дур аз мантиқи расонаҳо ва вакилону коршиносони Русия ба тасмими Тоҷикистон дар мавриди даст кашидан аз номгузории русиро танҳо мешавад чунин пазируфт: русҳо намегузоранд тоҷик бошем.
Хабари ба таври расмӣ манъ шудани номгузорӣ бо пасванди русии “ов” ва “ович” дар Тоҷикистон аз ҷониби аксари қишри равшанфикри ҷомеа бисёр ба хубӣ пазируфта шуд, вале ин шодмонии миллӣ дер давом накард ва зери таъсири фишори иттилотти расонаҳои русӣ ва баёнияҳои баъзе аз вакилону коршиносони рус як масъули Вазорати адлия –Ҷалолиддин Раҳимов дар суҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” қонуни пазируфташударо сарфи назар кардаву гуфт, он хосияти тавсиявӣ дорад. Дар ҳоле ки ҳамин Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раҳбари Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия 29 апрел дар як суҳбаташ ба “Озодагон” гуфта буд, аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнӯъ мебошад.
Тоҷикистон бо тасвиби қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” хост ба таври расмӣ аз гузоштани пасвандҳои русӣ дар номи падар ва номи хонаводагӣ (фамилия) даст бикашад. Вазорати адлия дар муаррифии ин қонун гуфта буд, ки “барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд”.
Вале ҳангомаи расонаҳои русӣ ва вакилони Думаи ин кишвар дар баробари ин тасмими давлати Тоҷикистон мунҷар ба ин шуд, ки Тоҷикистон муқаррароти қонунро ба гунаи дигар шарҳ бидиҳад. Ҳарчанд Вазорати адлия гуфта буд, ки ин тағйироти ворида ба аққалиятҳои миллӣ дахл надорад ва онҳо дар номгузорӣ метавонанд аз анъанаҳои худ истифода кунанд, аммо ин руҳи истеъморгарона ва маниши таҷовузкоронаи русҳоро ором нагузошт.
Албатта мо наметавонем вокуниши ҷомеаи Русияро ба ин тасмими Тоҷикистон дахолат кардани Русияи расмӣ ба умури дохилаи Тоҷикистон унвон кунем, зеро то кунун мавқеи расмии Русия (ҳарчанд ки изҳори чунин як мавқеъ зарур ҳам нест) изҳор нашудааст. Аммо дар чунин вазъиятҳо ҳукуматҳо ҳамеша иродаи худро барои вайрон накардани муқаррароти муносиботи байналмилалӣ аз тариқи расонаҳо ва созмонҳои маданӣ изҳор мекунанд ва чунин пиндорро мешавад дуруст ҳисобид, ки ин фишорҳо мавқеи Русия мебошад.
Русия ва русҳо то кунун ба Тоҷикистон чун ба як мустаъмараи худ муносибат мекунанд. Мутаассифона низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳам то кунун ҳамеша имконият додааст, ки мо мустаъмараи Русия бошем. Ҳанӯз Тоҷикистон замоне, ки расиҷумҳури кишвар ному номи хонаводагии худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод, қасд дошт ба номгузории миллӣ бипардозад, вале он замон ҳам ба вокуниши тунд ва фишори иттилоотии шадиди расонаҳои русӣ ва ҳамин тур ҷомеа ва кишвари Русия рӯ ба рӯ шуд. Ин фишор боис шуд, ки баъдтар сухангӯйи Президенти Тоҷикистон шарҳ бидиҳад, ки ин тасмими сардори давлат иҷборӣ нест ва хосияти тавсиявӣ дорад. Вақте дар сатҳи болои давлат ин гуна ларзиши мавқеъ дар роҳҳи миллигароӣ эҳсос шуд, акнун эҳтимоли зиёд аст, ки бо вуҷуди меъёри қонун будан ҳам раванди ба номгузории миллӣ пардохтан ба кундӣ пеш меравад ва боз ҳамон истондорти дугона боқӣ мемонад. Аммо ба назари мо бо вуҷуди паёмадҳои эҳтимолие, ки ин тасмим метавонад ба дунбол дошта бошад, Тоҷикистон набояд аз он даст бикашад. Ҳарчанд русҳо имрӯз таҳдид ба ҷорӣ кардани раводид, ихроҷи муҳоҷирин ва дигар таҳримҳо мекунанд, лекин Тоҷикистон бояд дар ин масир азхудгузаштагии сиёсӣ ва иқтисодӣ нишон бидиҳад. Зеро миллигароӣ ҳамеша қурбонӣ мехоҳад.
Шояд (ва ҳатман) бисёриҳо ва бештар қисми ҳуввиятбохта эътироз кунанд, ки дар ҳамин мақтаи замонӣ ин гуна ҷасорат ва ҷуръати сиёсии роҳбарияти Тоҷикистон муҳим нест. Онҳо иддаъо доранд, ки барои мо муҳимтар аст то бештар дунболи манофеи иқтисодӣ бошем. Аммо ҳамин гуна гузаштҳои сиёсӣ ва ноустувории мавқеъ ҳаст, ки имрӯз русҳо моро комилан эҳтиром намекунанд. Бояд донист, ки ном дар таъини ҳуввияти шахсиву миллӣ ва рушди он нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин тоҷик бояд номи тоҷикона ё ҳадди ақал номе дошта бошад, ки ба фарҳанг ва ҳуввияти милли ӯ қаробат дошта бошад. Бо вуҷуди истеъмори 56-солаи русҳо дар замони Манғитиҳо, 71-сола дар даврони Шуравӣ ва 25 соли вобастагии сиёсиву иқтисодӣ аз Русия дар даврони истиқлол, фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва он ҳеч қаробате ба мо ва маниши мо надорад. Аз ин ру, боястӣ раванди гузаштан ба номгузории миллӣ хосияти умумӣ бигирад ва марҳилаи ба намоиш гузоштани ғурур ва ифтихороти миллӣ бошад. Бояд ба манзури вокуниш ба ин гуна истеъморталабии русӣ пеш аз ҳама қишри равшанфикр фавҷ-фавҷ аз номгузории русӣ даст бикашанд. Расонаҳо бояд дар ҳафта ва дар моҳ омори дақиқи касонеро, ки аз номгузории русӣ даст кашидаанд, нашр намоянд.
Бояд дар замони ҷаҳонишавӣ иқтидори пуштибонӣ аз фарҳангу ҳуввият ва арзишҳои миллиро дошта бошем ва нагзорем, ки дигарон истиқлол ва соҳибихтиёрии моро эҳтиром накунанд. Пеш аз ҳама бояд худ ба истиқлол ва соҳибихтиёрии худ эҳтиром дошта бошем. Дар ғайри сурат намегузоранд, ки тоҷик бошем!!!