Маслиҳати муфтӣ ба занон: Шавҳари салафӣ накунед
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба занону духтарони кишвар маслиҳат додааст, бо мардоне, ки пайрави салафияанд оила бунёд накунанд.
Ин нуктаро Шӯрои уламо дар посух ба Шаҳло, ки хостгораш салафӣ аст, баён доштааст. Шаҳло, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон суол кардааст, ки “ҳанафимазҳаб ҳастам. Сатрро риоят мекунам. Ҷавони хостгор тариқи телефон бо ман суҳбат кард ва гуфт, ки аз бародарони салафӣ аст... Гӯед, ки зан агар ҳанафӣ бошад, оё дуруст аст, ки бо салафӣ ақди никоҳ бандад?”
Шурои уламо дар посух изҳор доштааст, ки миёни салафиҳо ва пайравони мазҳаби Имоми Аъзам (р) дар усул ва фуруъ ихтилофи зиёде вуҷуд дорад: “Салафиҳо саҳобагонро меъёри ҳақ намедонанд, яъне қавли саҳобаро ҳамчун далел намепазиранд. Имомони чаҳор мазҳабро дашном медиҳанд ва пайравии онҳоро ноҷоиз ва бидъат, ҳатто ширк низ мегӯянд. Масъалаҳоеро, ки бо иҷмоъи уммат собит шудаанд, инкор мекунанд. Масалан, тибқи мазҳаби ҳанафӣ намози таровеҳ бо иҷмоъи саҳоба бист ракъат собит шудааст, вале салафиҳо онро бидъати умарӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунон иттифоқи саҳоба ва имомони чаҳор мазҳаб бар ин аст, ки се талоқ бо як лафз се талоқ ҳисоб мешавад, вале онҳо мегӯянд, ки се талоқ бо як лафз як талоқ ҳисоб мешавад. Хулоса инҳо худашонро аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҷудо мекунанд. Ҳамаи инҳоро дида никоҳ бо чунин афрод чӣ тавр писандида аст, балки боиси фитна ва фасод дар ҷомеа мебошад. Маълум аст, ки зан дар зиндагии заношавҳарӣ фармонбардори мард аст, пас яқинан ақидаи ӯро хароб хоҳад кард”.
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба занону духтарон инчунин маслиҳат додааст, ки шавҳарро тариқи телефон интихоб накунанд ва беҳтар ин корро ба уҳдаи солхӯрдаҳои хонавода гузоранд. Дар посух ба Шаҳло аз ҷумла таъкид шудааст, "дар ҷомеа шахсоне ҳам ёфт мешаванд, ки аз номи Президент, вазир, сафир ва раисон сӯистифода бурда, мехоҳанд ба мақсади худ бирасанд. Тавсияву насиҳати ман ба шумо хоҳари азиз Шаҳло ин аст, ки шавҳарро бо телефон интихоб накунед, бо номаҳрамон суҳбати телефонӣ надошта бошед, ки пушаймон мешавед, вале пушаймонӣ суд надорад. Ихтиёру интихоби шавҳарро ба ихтиёри сарпарастони солхӯрда ва таҷрибадида бо маслиҳат гузоред ва худро эҳтиёт кунед”.